Зиндагинома

Зиндагинома

Зиндагинома

Суруш (13.04.1967) зодаи рустои Искодари вилояти Суғд, донишгирифта аз мактаби зодгоҳ, хатмкардаи риштаи суханшиносии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (солҳои 1985-1992) мебошад. Ду соли сарбозиро (1986-1988) дар шаҳри Маскав пушти сар кард. Давраи донишҷӯйӣ аз нахустин ва халлоқтарин шогирдони мактаби тозатаъсиси устодаш, профессор Абдулманнон Насриддин ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, устодаш ӯро ба бахши Суғдии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, ки раиси он шоир Аҳмадҷони Раҳматзод буд, ба пажӯҳиш (соли 1992‐1994) водошт. Ҳосили ин талошу ҳамкорӣ таълифи “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ” дар се ҷилд буд.

Баъдан дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд (солҳои 1995-1996) низ кор кард. Муддати тӯлонӣ (солҳои 1996‐2002) дар маҷаллаи илмӣ-адабии «Хуҷанд», ки имрӯз “Паёми Суғд” ном дорад, фаъолият дошт. Баробари корҳои эҷодиву илмӣ котиби масъули Комиссияи татбиқи Қонуни забони вилояти Суғд ва сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд (1997-2016) буд. Дар шуъбаҳои табъу нашри донишгоҳҳои Хуҷанду Душанбе (солҳои 2017-2021) барои касби маош қалами таҳрир фарсуд. Тайи чанд соли охир бо “Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон” дар таълифи “Фарҳанги бузурги забони тоҷикӣ” ҳамкорӣ дорад.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2001), Ҷоизадори ҷоизаи адабии Камоли Хуҷандӣ (2006), ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2021), ҷоизаи байналмилалии “Килки заррин” (2021).