Ашъор
Навъ:
Дар Балхи дудолуд
пажмурда мешуд охирин гулбарг,
Ҳалқи гиёҳи ташна мехушкид,
Он охирин нигоҳ, ки то моҳ мерасид
андешаи заминии моро,
Афсӯс, хору зор дур аз нигоҳгоҳи куҳан буд,
Ширини ман! Ширин!
Эҳсос кардам осмон бисёр ҳассос аст,
яъне ба мисли чашми ман аз дидани шодии инсонҳо
Ин «дард» - дарди бедаво номаш «ҷудоиҳо»-ст,
Яъне азоби ҷони мо номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Ёри мусофир, меравӣ аз ман мусофирвор!
Ҳарчанд ҷонам бе ту осоиш намеёбад,
Ишқам ба ту як заррае коҳиш намеёбад.
Қӯе, ки ошиқ шуд ба қӯи дигар, зй Ширин,
Ватан, эй хоки ҳафт пушти ман
Хуфта дар пуштаят ба пушти ту!
Боди ғурбат муҳоҷират набарад