Охирин ҳакими Бухороӣ
Он охирин нигоҳ, ки то моҳ мерасид андешаи заминии моро, Афсӯс, хору зор дур аз нигоҳгоҳи куҳан буд, Балки дар осмони нави таърих доғе ба мағзи моҳи куҳан буд.
Он охирин касе, ки забони фаришта дошт, Дар шаҳри гунгҳову карон лоли лол монд. Дигар мисоли ӯ каси дигар наёфтем, Афсӯс, асл нест шуд, аммо мисол монд.
Он охирин касе, ки зи Синои камназир бори дигар далелу нишон овард аз дониши ҳамеша, Шояд, ки буд қадимтарин реша дар сарзамини тешаву потеша Аммо, дареғ, ӯ мурд, гулбоғи илм пажмурд.
Оре, Ҳаким Аҳмади Дониш Меросдори дониши Сино буд. Он охирин Ҳакими Бухороӣ Руҳи тамоми халқи Бухоро буд…