Феълан, ҳамагӣ 16 шеър дар ин навъи ашъор пахш шудааст.
Ин «дард» - дарди бедаво номаш «ҷудоиҳо»-ст,
Яъне азоби ҷони мо номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Ёри мусофир, меравӣ аз ман мусофирвор!
Ҳарчанд ҷонам бе ту осоиш намеёбад,
Ишқам ба ту як заррае коҳиш намеёбад.
Қӯе, ки ошиқ шуд ба қӯи дигар, зй Ширин,
Ҷонамози чашмонам рӯи нозанини Туст,
Накҳати хуши ҷонам бӯи ёсамини Туст.
Хокиям, ба болоҳо ҷисми ман намеболад,
Ман туро имрӯзу фардо дӯст медорам,
То абад – дар ҳарду дунё дӯст медорам!
Ман туро, Ширини ман, якумр оҳувор
Меойӣ, эй Ширини ман, э вой… меойӣ,
То вораҳониям аз ин гирдоби танҳойӣ.
Медонӣ, ин «э вой» мазмуни дигар дорад,
Парии ман, ба сахои ту чашми бад нарасад!
Сахои туст – вафои ту чашми бад нарасад!
Зи пой то ба сарат сад шукуфа бишкуфта,