Ин «дард» – дарди бедаво номаш «ҷудоиҳо»-ст

Ин «дард» - дарди бедаво номаш «ҷудоиҳо»-ст,
Яъне азоби ҷони мо номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Ёри мусофир, меравӣ аз ман мусофирвор!
Фарёди дил аз пушти по номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Оҳ… ин сукути сард маънияш «Худо ҳофиз!»
Андӯҳи беҳарфу садо номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Ширини ман! Ин «Бишнав аз най…» чист, медонӣ?
Дар ҳалқи най оҳи наво номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Ширини ман! «Ишқ» аст ин эҳсоси бепоён,
Озори ҷони сахти мо номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Мазмуни ин «дурӣ»-ст бозии Қазо бо мо,
Ин санҷиши қаҳри Худо номаш «ҷудоиҳо»-ст.
Маънои сабри ман: «Туро ман дӯст медорам!
Хаҷре, ки орад васлҳо, номаш «ҷудоиҳо»-ст.
1
Ишора ба ду байти аввали Маснавии маънавии Мавлавӣ:

Бишнав аз най чун ҳикоят меқунад

В-аз «ҷудоиҳо» шикоят мекунад,

К-аз найистон то маро бибридаанд,

Аз фироқам марду зан нолидаанд.

Ишқ аз сӯи Худост, 36