Ман туро имрӯзу фардо дӯст медорам

Ман туро имрӯзу фардо дӯст медорам,
То абад – дар ҳарду дунё дӯст медорам!
Ман туро, Ширини ман, якумр оҳувор
Чун нами борон ба саҳро дӯст медорам!
Ман туро беҳарф, бе овоз моҳивор,
Эй вуҷудат мисли дарё! дӯст медорам!
Ишқ то дар хуни мо печида, эй Ширин,
Ман ҳамин рангу ҷилоро дӯст медорам!
Лолаҳоро… – лолаҳои сурхи саҳроро
Мисли ринги зиндаи мо дӯст медорам!
Ишқ ин ҷисми ту, ҷони ту, вуҷуди туст,
Ман туро, эй Ишқи зебо! дӯст медорам!
То маро танҳои танҳо дӯст медорӣ,
Ман туро танҳои танҳо дӯст медорам!
Ишқ аз сӯи Худост, 31