Ҳарчанд ҷонам бе ту осоиш намеёбад
Ҳарчанд ҷонам бе ту осоиш намеёбад, Ишқам ба ту як заррае коҳиш намеёбад.
Қӯе, ки ошиқ шуд ба қӯи дигар, зй Ширин, Ҳаргиз раҳо аз банди ин хоҳиш намеёбад.
Он қӯ ба он қӯи дигар умре вафодор аст, Дар қалби ӯ ҷуз Ишқ ғунҷоиш намеёбад.
Сарчашмаи покизагии хуни мо Ишқ аст, Бе Ишқ хуни хира полоиш намеёбад.
Пайванди об аст аз ҳама пайвандҳо зебо, Як қатра бе як қатра афзоиш намеёбад.
Мо низ мисли қатраҳои об ҳамрангем, Аз қатра ҳаргиз қатра олоиш намеёбад.
Ширини ман, ин шоири сартобапо ошиқ, Ҷуз дар бари ту ҷойи оромиш намеёбад.