Як вақтҳо ин қавм…

Ширини ман! Ширин!
Эҳсос кардам осмон бисёр ҳассос аст,
яъне ба мисли чашми ман аз дидани шодии инсонҳо
ин осмон як шохаи пур аз гули ёс аст,
Аммо гаҳе ки чеҳраҳои одамон аз ғуссаҳо абрист,
дар дидаи ман гиря мечархад,
меборад аз чашми кабуди осмон ҳам ашки боронҳо.
Ширини ман, Ширин!
Инак паёпай се шаб аст аз ғусса мегиряд
пинҳону пайдо осмони пур зи дарди мардуми тоҷик!
Афсӯс, сад афсӯс! Аз он девонавирус
гар мардуми олам ғами ҷон мехӯрад имрӯз,
Дар Тоҷикистон
халқ чун мӯшон ғами нон мехӯрад, афсӯс!
Афтода гени гушнагӣ дар гандуми тоҷик!
Шояд ба ёдат ҳаст…
соле пеш… оре, «Озмуни ош»…
Он рӯз дар шеъре ба ҳасрат гуфта будам:
«Инҷо намонда шарм, Ширинҷон!
Инҳо ба чашми гушнаи як тӯда чун авбош хандиданд,-
Дидӣ? Ба ҳоли гушначашмон дегҳои ош хандиданд …»
Имсол бошад моҷарои ОРД
то устухони ман расид, э вой, мисли корд!
Ширини ман! Ширин!
Як вақтҳо ин қавм аз фарри Аҳуроӣ сухан мегуфт,
аз хубиву нағзиву зебоӣ сухан мегуфт…
Ҳоло сухангӯ нест,
чун мӯшон ба фикри ишкамаш банд аст…
Ақлаш ба нафсаш сахт пайванд аст,
Чун гушначашмон
орзуяш ин ки гар рӯзе бимирад, сер мирад!
Ин қавм то кай бандаи хори Худованд аст?!
Ширини ман! Ширин!
Ҳоло биё мо рӯ ба ин мардум биёрему бигӯем:
«Ҳооой! Эй ёрони хоболуд!
Аз ғор –яъне аз маҳалҳотон
бурун оед мисли чашмае аз кӯҳ,
Дарё бубояд шуд – яъне иҷтимоъи пок,
Миллат бубояд шуд – яъне иҷтимоъи воҳиди як қавм!
Охир маҳал як мурғ – яъне мурғаки оҷиз
Миллат вале Симурғ – яъне ҳастии сӣ мурғ!
Аз якдилӣ шодии мо пирӯз мегардад ба ҳар вируси андӯҳ.»
Ширини ман! Ширин!
Бояд зи нав тарҳи ҷаҳон андохт,
Ҳам оламе, ҳам одамеро бояд аз нав сохт, бояд сохт!
Ин орзу нав нест, аз ман нест…
Ин орзу хеле қадимӣ аст, яъне орзуи Пири Шерозист.
Ҳарчанд дил дар «сина моломоли дард аст»,
Бар рағми ғам шодона бояд зист, бояд зист, бояд зист!
Корвон… Раҳ… Марғзор… Оҳу…, 24