Биҳишти мост ҳамин боғи ишқ

Ману туем дарахт, –
(агар баҳор кунад боғ, сабзрӯҳ шавад)
Дарахт дар чамани хештан баҳор кунад.
Биҳишти мо Ватан аст!
Биҳишти мост ҳамин Боғи Ишқ, Ширинҷон!
Паранда нест дарахт,
ки «ҷои гарм» биҷӯяд барои роҳати худ,
ба фасли сарди чаман аз чаман фирор кунад.
Биҳишти мост Ватан!
Биҳишти мо Ватани Ишқи мост, Ширинҷон!
Ману туем дарахт...
Ману туем дарахте, ки ҳамтани Ватан аст.
Ду шоха дасти ману туст –
ду шохаи зебо,
ки ошиқона ҳамоил ба гардани Ватан аст.
Ман аз забони дарахт
гаҳе ки бо дили андӯҳгин мепурсам:
Баҳор рафт...Чаро тез рафт, Ширинҷон?
Баҳор рафт... Ба қадраш касе чаро нарасид?
Ту оҳ мекашӣ - оҳе бадарду мегӯӣ:
«Аҷаб замона, аҷаб боғҳо, аҷаб мардум!
Дигар чӣ ҷои аҷаб?
Ба қавли Ҳазрати Ҳофиз биҳиштро бифӯрухт
ҳамон аҷаб Падари мо ба донае гандум»
«Хазон расид?»- чу андӯҳгин мепурсам.
Хамӯш мисли дарахт
Ту оҳ мекашӣ... як оҳи сард, Ширинҷон!
Ва аз забони дарахтон бадард мегӯӣ:
«Хазон расид...
Дигарбора шохаҳои чинор
ба рӯи хоки сияҳ барги зард мерезан
Ва абрҳои ҳазин... абрҳои мотамдор
ғамин зи марги баҳор
аз осмон ба замин ашки сард мерезанд...»
Парандаҳои тунукмеҳр,
хаёл мекунӣ, аз сидқи дил ба васфи Ватан
дуъои гарм – суханҳои гарм мегӯянд...
Вале... ҳазор афсӯс...
Чу зард мешавад ин боғи сабз, Ширинҷон!
Парандаҳои хунукмеҳр – ин «ватандорон»
ба сад баҳонаву тадбир
барои роҳати худ «ҷои гарм» меҷӯянд...
Ту оҳ мекашӣ...
як оҳи сард, Ширинҷон!
Ва аз забони дарахтон бадард мегӯӣ:
«Парандаҳои тунукмеҳр
Баҳорро ба хазонҳо супурдаву рафтанд...
Ва дар диёре дур
ба обу хоку ҳавои Ватан чу зор шуданд,
Ба дард печиданд...
ва дар иҳотаи андӯҳ мурдаву рафтанд...»
Ману туем дарахт, –
(агар баҳор кунад боғ, сабзрӯҳ шавад)
Дарахт дар чамани хештан баҳор кунад.
Биҳишти мо Ватан аст!
Биҳишти мост ҳамин Боғи Ишқ, Ширинҷон!
Паранда нест дарахт,
ки «ҷои гарм» биҷӯяд барои роҳати худ,
ба фасли сарди чаман аз чаман фирор кунад.
Корвон… Раҳ… Марғзор… Оҳу…, 21