Чакомаҳои боронӣ

Абри сияҳи тори сарам боронист,
Дил боронӣ, чашми тарам боронист.
Аз ҳолу ҳавои хотири хаста напурс,
Валло, ки ҳавои хотирам боронист.
Ёдат кардам, дилам ба ларзиш омад,
Бому дари манзилам ба ларзиш омад.
Дарё шудаму дарун-дарун гирйистам,
Аз гиря ду соҳилам ба ларзиш омад!
Бе ту дили обгаштаам боронист,
Ду чашми ҳубобгаштаам боронист.
Дар хотири ман абри сияҳ менечад,
Андӯҳи саҳобгаштаам боронист.
Ёдат кардам, ба дард ёдат кардам,
Яъне ки ба оҳи сард ёдам кардам.
Хуни баданам сиёҳ шуд охири кор,
Чун бо гами ложеард ёдат кардам.
Аз гусса ду чашмони тарам боронист,
Яъне ки ҳавои хотирам боронист.
Чун хок хабар бурда зи дарди дили ман,
Дар гӯр ду чашми модарам боронист.
Ғам мегузарад, губор ҳам мегузарад,
Боронаки навбаҳор ҳам мегузарад.
Эй ёри мусофирак, ту то меойӣ,
Умри мани интизор ҳам мегузарад.
Ишқ аз сӯи Худост, 23